НАХУСТИН КИТОБҲОИ «АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ИДМ» ЧОП ШУДАНД
Маскав, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Ховар-mfgs.-sng.org).- Дар Донишгоҳи машҳури Сорбонни ш.Париж курси махсуси таълими адабиёти миллии давлатҳои ИДМ кушода хоҳад шуд. Дар ин бора дар мулоқот бо роҳбарияти Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳо-аъзои ИДМ (МФГС) директори китобхонаи Донишгоҳ Элен Шодорей хабар дод. Ба Донишгоҳи Сорбонн 29 январи соли ҷорӣ ҷилдҳои нахустин силсилакитобҳои «Адабиёти классикии ИДМ», ки бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳо-аъзои ИДМ (МФГС) чоп шудааст, супорида шуд. Дар китобҳои тақдимшуда намунаи адабиёти классикии Озорбойҷон, Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Молдова, Русия инъикос шудаанд. Директори китобхонаи Донишгоҳ Элен Шодорей қайд кард, ки ин китобҳо замина бароиомӯзиши фарҳанги давлатҳои ИДМ хоҳанд шуд. Тавре сармуҳаррири нашриёти «Художественная литература» Георгий Пряхин хабар дод, ки чопи 60 ҷилди ин силсилакитобҳо дар назар дошта шудааст. Дар бораи интишор шудани намунаи адабиёти классики тоҷик дар ин силсилакитобҳо маълумот дода нашудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






