НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НАМОЯНДАГИИ ХАДАМОТИ ФЕДЕРАЛИИ МУҲОҶИРАТИ РУСИЯ

Февраль 19, 2010 10:37

Душанбе,  19  феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Аз  сафоратхонаи  Федератсияи  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  имрӯз,  соати 15.00  дар  намояндагии Хадамоти  Федералии  муҳоҷирати  Русия   дар  Тоҷикистон   нишасти  матбуотӣ  баргузор  мегардад.  Дар  ҷараёни  нишасти  матбуотӣ   сухан  дар  бораи  тағйироту  иловаҳои  ба  қонунҳои  муҳоҷирати  Русия  воридгардида  меравад. Дар  нишасти  матбуотӣ   муовини сардори   раёсати  робита бо   созмонҳои байналхалқию  ҷамъиятии  Хадамоти  федералии  муҳоҷирати  Русия   Константин  Полтаранин   иштирок  хоҳад  кард. Намояндагии   Хадамоти Федералии  муҳоҷирати  Русия  дар  шафати  Шӯъбаи  консулхонаи  сафорати  Русия  воқеъ  мебошад.

Февраль 19, 2010 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад