ОҒОЗИ МАЪРАКАИ ИНТИХОБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 28 феврал соати 6 – и субҳ дар саросари мамлакат интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ оғоз ёфт. Тибқи хабари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба палатаи поёнии парлумон 63 вакил – аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот 41 нафар ва мувофиқи рӯйхатҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот 22 нафар вакил интихоб карда мешаванд. Дар интихоботи имсола намояндагони ҳизбҳои халқӣ -демократӣ, наҳзати исломӣ ва ҳизби коммунист иштирок менамоянд. Инчунин ҳизбҳои сотсиал — демократӣ, сотсиалистӣ ва демократии Тоҷикистон низ номзадҳои худро пешбарӣ кардаанд. Дар интихоботи парлумон ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бори аввал иштирок менамоянд. Мувофиқи рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 73 нафар ва дар 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ 144 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин ҷумла, 65 нафар номзадии худро худашон пешбарӣ намудаанд. Тақрибан 15 – 16 фоизи номзадҳо занон мебошанд. Барои гузаронидани интихобот 16 миллион варақаи овоздиҳӣ чоп карда шуд. Барои чопи онҳо бештар аз 200 ҳазор доллари ИМА сарф гардид. Аз рӯи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, дар мамлакат қариб 3,5 миллион интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳар кадоми онҳо ба истиснои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар рӯзи интихобот панҷ варақаи овоздиҳӣ дода мешавад. Ба сокинони пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ чор варакаи овоздиҳӣ дода мешавад. Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон 6000 қуттии шаффоф оварда, дар 3 ҳазору 67 қитъаи овоздиҳӣ дар саросари мамлакат гузошта шуданд. Овоздиҳӣ, мувофиқи қонунҳои интихобот соати 6 – и субҳ шурӯъ гардид. Қитъаҳои интихоботӣ дар қаламрави Тоҷикистон соати 20 – и шом баста мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои дигари дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ 36 қитъаи интихоботӣ ташкил карда шуд. Аз ҷумла, дар Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав як қитъаи интихоботӣ ва дар шаҳрҳои калонтарини он — Санкт – Петербург, Новосибирск, Самара, Волгоград, Кемерево, Перм ва Екатеринбург 7 қитъаи овоздиҳӣ кушода шуданд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — дар назди намояндагии Тоҷикистон дар СММ ва сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон, инчунин дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Кобул ва консулхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Мазори Шариф қитъаҳои овоздиҳӣ кушода шудаанд. Ҷараёни интихоботро 534 нозири байналмилалӣ, аз ҷумла аз Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай назорат мекунанд. Интихобот дар мавриде баргузоргардида ҳисоб карда мешавад, ки дар он зиёда аз 50 фоизи интихобкунандагон иштирок намоянд. Натиҷаҳои пешакии интихобот соати 11 – и 1 март ҷамъбаст карда








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






