ПАРЛУМОН СТРАТЕГИЯИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ КАМБИЗОАТИРО ҶОНИБДОРӢ КАРД

Февраль 24, 2010 14:31

Душанбе, 24 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-24 феврали соли 2010 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Стратегияи паст кардани  сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012-ро ҷонибдорӣ кард. Масъалаи мазкурро  вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамроалиев шарҳ дода гуфт, ки лоиҳаи Стратегияи паст кардани  сатҳи камбизоатӣ барои  се соли навбатӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳо таҳия гардидаст. Он 22 январ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди  назди Президенти мамлакат баррасӣ шуда, 30 январ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст. Ф. Ҳамроалиев афзуд, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои дар доираи Стратегияи миллии рушд  муайян гардида, афзалиятҳои миллӣ  ба инобат гирифта шудааст. Аз ҷумла, ислоҳоти идораи давлатӣ, ки барои дар кишвар ташаккул  додани системаи рушди миллӣ нигаронида шудааст ва хусусияти хоси  он шаффофӣ, тобеъияти ҳисобдиҳӣ ва мубориза алайҳи коррупсия аст.       Инчунин, лоиҳаи Стратегия ба  рушди  бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба тавсеаи озодиҳои иқтисодӣ, таҳкими ҳуқуқи моликият ва қонуният, рушди ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ асос ёфтааст. Вазири рушди иктисод ва савдои ҷумҳурӣ гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи стратегия ва барномаҳои қабулгардида, сатҳи камбизоатӣ дар  ҷумҳурӣ сол ба сол рӯ ба пастшавӣ дорад. Дар ин замина мувофиқи тадқиқоти сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон, ки  соли 2007 гузаронида шуда буд, сатҳи камбизоатӣ аз 72 % -и соли 2003 то 53 % коҳиш ёфт. Ва солҳои 2007-2009  низ ин раванд идома ёфт. Маблағгузории тадбирҳои Стратегия коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо пешбинӣ гардидааст. Яъне,  пеш аз ҳама аз буҷети давлатӣ, барномаи давлатии инвеститсионӣ, барномаҳои маблағгузории мутамарказ ва сармоягузориҳои ватанию хориҷиро дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии маблағгузории стратегияи навбатӣ зиёда аз 5, 3 миллиард долларро  ташкил медиҳад. Татбиқи самарабахши чорабиниҳое, ки дар Стратегия пешбинӣ карда шудаанд ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат менамояд ва дар назар аст, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то соли 2012 то 41 % паст карда хоҳад шуд.   

Февраль 24, 2010 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст