ПЕШГӮИИ БОДУ ХАВО АЗ 2 ТО 6 ФЕВРАЛ

Февраль 2, 2010 11:11

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). –Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар аз 2 то 6  феврали соли ҷорӣ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ кардааст. Бар асоси пешгӯии ин марказ обу ҳаво дар вилояти Хатлон аз 2 то 4 феврал тағйирёбандаи бебориш буда, рӯзҳои 5-6 феврал  дар  баъзе  ноҳияҳо  борон  меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа гарм, рӯзона аз 13 то 18 дараҷа  гарм мебошад. Дар доманакӯҳҳо шабона то 4 дараҷа гарм, рӯзона то 9 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар вилояти Суғд 2 феврал ҳавои тағйирёбандаи бебориш дарназар аст. Рӯзҳои оянда дар водиҳо борон, дар кӯҳҳо барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа гарм, рӯзона то 12 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона то -9 дараҷа хунук, рӯзона то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз 2 то 4 феврал ҳавои тағйирёбандаи бебориш мебошад. Рӯзҳои 5-6 феврал дар баъзе ноҳияҳо бориш мешавад. Ҳарорати ҳаво то 14 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона то 12 дараҷа хунук, рӯзона то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 7 дараҷа хунук, рӯзона то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона то 21 дараҷа ва рӯзона то 9 дараҷа хунук мешавад.

Февраль 2, 2010 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад