ПЕШГӮИИ БОДУ ХАВО АЗ 2 ТО 6 ФЕВРАЛ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). –Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар аз 2 то 6 феврали соли ҷорӣ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ кардааст. Бар асоси пешгӯии ин марказ обу ҳаво дар вилояти Хатлон аз 2 то 4 феврал тағйирёбандаи бебориш буда, рӯзҳои 5-6 феврал дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа гарм, рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гарм мебошад. Дар доманакӯҳҳо шабона то 4 дараҷа гарм, рӯзона то 9 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар вилояти Суғд 2 феврал ҳавои тағйирёбандаи бебориш дарназар аст. Рӯзҳои оянда дар водиҳо борон, дар кӯҳҳо барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа гарм, рӯзона то 12 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона то -9 дараҷа хунук, рӯзона то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз 2 то 4 феврал ҳавои тағйирёбандаи бебориш мебошад. Рӯзҳои 5-6 феврал дар баъзе ноҳияҳо бориш мешавад. Ҳарорати ҳаво то 14 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона то 12 дараҷа хунук, рӯзона то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 7 дараҷа хунук, рӯзона то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона то 21 дараҷа ва рӯзона то 9 дараҷа хунук мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






