ПЕШРАВИҲОИ НАЗАРРАС ДАР ВМКБ

Февраль 9, 2010 17:03

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев). – «Дар соли 2009 ба буҷаи вилоят як миллиону 680 ҳазору 429 сомонӣ аз нақшаи пешбинишуда зиёдтар маблағ ворид гардид», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси ВМКБ Қодири Қосим 8 феврали соли равон. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар соли сипаригардида дар вилояти Бадахшон беш аз 200 адад иншоот корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва меъморӣ ба маблағи 160 миллион сомонӣ анҷом дода шуд.  Дар ин давра ба маблағи 28,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008- ум як миллион сомонӣ зиёдтар аст. Раиси вилоят иброз намуд, ки дар соли 2009 сехи оби нушоки ва сехи хишт дар  ноҳияи Ванҷ, сехи дӯзандагии ноҳияи Роштқалъа, сехи «Ависена»  ва дар ноҳияи Шуғнон бошад бунёди фабрикаи мурғпарварии деҳаи бунӣ, сехи мурғпарварии деҳаи Танг ба фаъолит шурӯъ карданд. Дар вилоят бунёди 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ оғоз ёфта, аз онҳо нерӯгоҳи Ҷадуди ноҳияи Рӯшон ва Гушхуни ноҳияи Дарвоз мавриди ситифодабарӣ қарор гирифт. 

Февраль 9, 2010 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад