ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Февраль 12, 2010 09:54

Нимаи дуюми 11 феврал 2010 сол миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимухаммедов гуфтугӯи телефонӣ баргузор шуд. Сарварони ду кишвари дуст дар бораи холат ва дурнамои рушди муносибаҳои самарабахши дуҷониба изҳори ақида намуданд. Президентҳои ду кишвар дар фазои конструктивии дӯстона ва озоде, ки хоси муносиботи тарафайн миёни ҳар ду давлат мебошад, роҳҳои фаъол сохтан ва таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳоро миёни Тоҷикистон ва Туркманистон муҳокима намуданд. ҳамзамон карор карданд, ки ба ҳукуматҳои хеш дар бораи таҳия ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо оиди тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун супориш дода шавад. Эмомалӣ Раҳмон аз Гурбангули Бердимухаммедов даъват кард, ки бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф биёрад. Даъват ба хушт пазируфта шуд. Мувофиқа ҳосил шуд, ки сафар рӯзҳои 18-19 марти соли 2010 баргузор гардад. Дар хотимаи сӯҳбат Гурбангули Бердимухаммедов аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кард, ки паёми гарм ва орзуҳои неки ӯро ба халқи бародари тоҷик бирасонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.    

Февраль 12, 2010 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид