РӮЙДОДҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗНОМАИ ЧИНӢ
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Рӯзномаи марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин – «Женмин Жибао» 23 феврали соли равон рубрикаи махсуси «Муколамаи фарҳангии Тоҷикистону Чин» — ро кушод. Дар ин бора аз Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Пекин ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Рубрикаи мазкур бо мақолаи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов «Қаробати фарҳангҳои Тоҷикистону Чин» шурӯъ мегардад. Ҳадафи кушодани рубрикаи мазкур огоҳ намудани хонандагони рӯзнома аз равобити бисёрасраи фарҳангию маънавии халқҳои Тоҷикистону Чин мебошад. Рӯзнома инчунин дар бораи муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Чин тӯли солҳои охир нақл хоҳад кард. «Женмин Жибао» яке аз рӯзномаҳои калонтарини Чин буда, дар саросари ҷаҳон шӯҳрат пайдо кардааст. Рӯзнома дар мамлакатҳои гуногун бештар аз 70 бунгоҳи иттилоотӣ дорад. Саҳифаи интернетии онро ба забони чинӣ ҳар рӯз қариб 200 миллион нафар ва саҳифаи интернетии русии рӯзномаро ҳар рӯз қариб ҳамин қадар хонанда мутолиа менамояд. Рӯзнома ба забонҳои русӣ, англисӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ, испонӣ ва арабӣ чоп мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






