РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИДМ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев пагоҳ, 26 феврал ба Душанбе меояд. Тавре хабар дода шуда буд, С.Лебедев ба ҳайати нозирони мамлакатҳои ИДМ дар назорати ҷараёни интихоботи парлумони мамлакат ва гузаронидани мулоқотҳо бо намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки бо даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нозирони ИДМ аз 5 феврал сар карда, ҷараёни тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси намояндагонро назорат мекунад. Ба ҳайати мазкур аз Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ, Маҷлиси парлумонии Иттифоқи Русия ва Белорусия, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ 150 нафар шомиланд. Инчунин 11 нафар намояндаи Созмони ҳамкории Шанхай ва 6 нафар намояндаи Ҷумҳурии Мардумии Чин барои назорати ҷараёни интихобот ба Тоҷикистон омаданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






