РАСМИ ГУЗАШТИ НИЗОМӢ БА ШАРАФИ ҶАШН
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — 23 феврал ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 сол пур мешавад. Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ин муносибат гузаронидани силсилаи тадбирҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзиширо ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, 22 феврал дар Боғи ғалаба расми гузашти низомӣ ва маросими гулгузорӣ ба пояи Оташи абадӣ баргузор хоҳанд гашт. Дар ин чорабиниҳо аскарону афсарони Гарнизони шаҳри Душанбе, роҳбарияти Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва падару модарони хизматчиёни ҳарбӣ иштирок менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






