СӮХТОР ДАР БИНОИ ҲУКУМАТ
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Субҳи имрӯз дар бинои ҳукумати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯминободи вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати хадамоти оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, маркази сӯхтор толори маҷлисгоҳи бинои зикршуда мебошад. Алангаи сӯхтор 392 метри мураббаъро фаро гирифта дар натиҷаи он боми бино ва толор сӯхта нобуд гардид. Сабаб, гунаҳкорон ва ҳаҷми зарар муайян карда мешавад. Мувофиқи хабари Раёсати хадамоти оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар тамоми қаламрави мамлакат 20 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 7 сӯхтор дар вилояти Хатлон, 4 сӯхтор дар вилояти Суғд, 2 сӯхтор дар ш.Душанбе, ноҳияҳои Роғун ва Файзобод 2 ҳодисаи сӯхтор ва дар ноҳияҳои Ҳисору Турсунзода ва ВМКБ 1 ҳодисаи сӯхтор рӯй додаст. Ҳаҷми умумии зарар аз ин сӯхторҳо 47 ҳазору 445 сомониро ташкил мекунад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






