САҲМИ ДИПЛОМАТҲО ДАР СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони сафоратхона дар ҷавоби муроҷиати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи бештар аз 12 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқии обии Роғунро хариданд. Маблағи умумии ба суратҳисоби НБО «Роғун» гузаронидаи кормандони сафоратхона то 1 феврали соли равон 115 ҳазору 420 сомониро ташкил медиҳад. Дипломатҳои тоҷик дар Ӯзбекистон қарор додаанд, ки рӯзҳои наздик аз ҳисоби музди корашон ва имкониятҳои мавҷудаи молиявӣ ба ҳисоби сохтмони ин иншооти бузурги энергетикӣ 21 ҳазору 438 сомонӣ гузаронанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






