САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» ДАР БОЗОРҲО ФУРӮХТА МЕШАВАНД

Февраль 19, 2010 15:35

Душанбе,  19  феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —  Ҷамъияти  саҳҳомии «Бонки  рушди Тоҷикистон» аз  имрӯз  сар  карда,  барои  фурӯши  саҳмияҳои  НБО «Роғун» дар бозорҳо,  муассисаҳои  калони  савдо  ва  корхонаю  муассисаҳо ба гузаронидани  маъракаҳо шурӯъ  намуд. Чунин  маърака  имрӯз  дар  бозори «Шоҳмансур» ташкил  карда шуд. Дар  он  намояндагони  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  маҳаллӣ,  одамони  машҳур  ва  санъаткорон  иштирок  намуданд. 20 феврал  чунин  маърака дар   бозори «Саховат»  гузаронида  мешавад. Роҳбарияти  бонк  ин  маъракаҳоро  бо  мақсади  сарфа  кардани  вақти  соҳибкорон  ва  бештар  фурӯхтани  саҳмияҳо ташкил  менамояд. Мухбири  АМИТ «Ховар» ёдовар  мешавад, ки  Бонки  рушди  Тоҷикистон  дар  рӯзи  аввали ба  фурӯш  баровардани  саҳмияҳои  НБО «Роғун» 6  январи  соли  2010  ба  маблағи  4  миллиону  400 ҳазор сомонӣ  саҳмия  харид. Кормандон  ва  мизоҷони бонк  то 10  феврал ба  маблағи  1  миллиону  980  ҳазор  сомонӣ саҳмия  хариданд. Аз  дафтари  матбуоти  Бонки  мазкур  хабар  доданд,  ки  чунин  маъракаҳо  дар  давоми  сол  давра ба  давра ташкил  карда  мешаванд.    

Февраль 19, 2010 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд