САҲМИЯИ РОҒУН МУКОФОТИ НАВРӮЗӢ БА ПАҲЛАВОНОН
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Маркази асосии ҷашнгоҳи иди Наврӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе «Боғи ботаникӣ»-и пойтахт ба шумор меравад. Иди аҷдодӣ- Наврӯзи оламафрӯз дар «Боғи ботаникӣ» рӯзи 21 март бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Бояд зикр кард, ки масъалаи омодагиҳо ба иди Наврӯз 22 феврал дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Дар ҷаласа зикр шуд, ки Иди Наврӯз ҳамчунин рӯзи 22 март дар сатҳи чор ноҳияи пойтахт -дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», ба номи Сайдриддин Айнӣ, майдони 800- солагии Москва ва Кӯли ҷавонон инчунин, 23 март дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо таҷлил карда мешавад. Бо мақсади истиқболи сазовори Наврӯзи хуҷастапай 24 март соати 14 дар Амфитеатр консерти идона бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик ташкил карда мешавад. Истиқболи Наврӯз бо чорабиниҳои варзишӣ шукӯҳи хоса дорад. Бо ин мақсад 21 март соати 15 дар Варзишгоҳи марказӣ гӯштини миллӣ ва дар Ипподром пойгаи аспдавонӣ баргузор карда мешавад. Барои варзишгарон аз ҷониби шаҳрдорӣ саҳмияҳои НБО «Роғун» бо арзишҳои гуногун ҳамчун мукофот гузошта мешаванд. Мукофоти олӣ барои ғолиби гӯштини миллӣ — саҳмия бо арзиши 15 ҳазор сомонӣ ва пойгаи аспӣ саҳмия бо арзиши 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






