САФИРИ БРИТАНИЯ ДАР ВОСЕЪ
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сафири фавқулодда ва мухтори Британия Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тревор Мурр 11 феврал, ҷиҳати шинос шудан бо рафти татбиқи лоиҳаҳои Созмони байналмилалии хайриявии Оксфами Британияи Кабир дар ноҳияи Восеъ, ба ин ноҳия ташриф овард. Зимни боздиди сафир иттилоъ дода шуд, ки Оксфам ҳашт сол боз дар ноҳияи Восеъ фаъолият дошта, дар давоми ду соли охир дар самти ташкили системаи нави обтаъминкунӣ, кумитаи идораи истифодабарии об, гузаронидани омӯзиш байни клубҳои мактаб ва гуруҳҳои занон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш оид ба ҷомеаи солим, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Мавриди зикр аст, ки имрӯз Оксфам дар чор ҷамоат ва ҳашт деҳаи ноҳияи Восеъ фаъолият карда, барои таҳияи нақшаи рушди деҳа ва нақшаи паст намудани сатҳи офатҳои табиӣ кӯмак мерасонад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






