ШУМОРАИ БЕКОРОН ҲАНӮЗ ЗИЁД АСТ
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шумораи бекороне, ки дар Хадамоти давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират расман ба қайд гирфта шудаанд, дар моҳи декабри соли 2009 44492 нафарро ташкил дод, ки ин нисбат ба моҳи ноябри соли 2009 2,6 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумлаи бекорони ба қайд гирифташуда 23930 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Шумораи занони бекор дар моҳи январи соли 2010 нисбат ба моҳи декабри соли 2009 146 нафар коҳиш ёфта ба 23 ҳазору 896 нафар расидааст. Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда бошад 2,2 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад. Дар моҳи январи соли 2009 ба 1796 нафар ва дар моҳи декабри соли 2009 ба 2328 нафар кӯмакпулӣ таъин карда шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






