ШУМОРАИ КОРГАРОНИ РОҒУН БА 13 000 РАСОНИДА МЕШАВАД

Февраль 3, 2010 10:59

Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Баъди додани эълон оид ба таъмини кор дар сохтмони НБО – и  «Роғун» шумораи хоҳишмандон хеле зиёд шуд. Имрӯз сохтмони ин иншооти бузург зери назорати давлат қарор дорад. Айни замон,  дар сохтмони ин нерӯгоҳ беш аз 6 ҳазор нафар коргарон ва мутахассисон бо ғайрати дучанд кору фаъолият доранд,- иброз доштанд дар Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар». Бо бастани маҷрои об,    дар нақбу сарбанд ва қисматҳои дигари  сохтмон,  ҷои холии  кор якбора ду баробар зиёд хоҳад шуд. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ то охири сохтмони иншоот барои 13 ҳазор нафар ҷои корӣ пайдо мешавад. Ин аст, ки барои сохтмон кадрҳои баландихтисос лозиманд, аз ин рӯ шӯъбаи  кадрҳои «Роғун ГЭС — строй»   онҳоеро, ки хоҳиши корро дар сохтмони мазкур доранд ва мутахассиси баландихтисос мебошанд,  бемамониат ба кор қабул менамояд.             

Февраль 3, 2010 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад