СОХТМОНИ МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 13 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи татбиқи лоиҳаи сохтмони мактаби байналмилалӣ дар Душанбе, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Исломи Эрон бунёд карда мешавад, дар ҷараёни сафари муовини вазири омӯзиш ва парвариши Эрон Муҳайяддин Баҳроми Муҳаммадиён ба Душанбе, ки 13 феврал ҷараён мегирад, баррасӣ мегардад. Аз Вазоарти маорифи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни сафараш ба Душанбе Муҳаммадиён бо вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов масъалаҳои тақвияти ҳамкории ду кишварро дар соҳаи маориф, бахусус таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ барои мактаби байналмилалӣ ва алифбои ниёгон, инчунин масъалаи роҳандозии дафтари Маркази парвариши фикрии кӯдакон ва наврасонро дар шаҳри Душанбе баррасӣ менамоянд. Мактаби байналмилалӣ, ки аз ҷониби Эрон сармоягузорӣ мешавад дар асоси низоми таълими соҳаи маорифи ҳар ду кишвар фаъолияташро ба роҳ мемонад. Мактаби байналмилалӣ дар шаҳраки 82- уми пойтахт дар масоҳати 7 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад. Назар ба иттилоъи мудири бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Сангов, алҳол ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаи маориф дар сатҳи хуб қарор дорад. Мактабҳои олии Тоҷикистон ба мисли- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино бо донишгоҳои Эрон қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






