СОКИНОНИ ТУРСУНЗОДА СИФАТИ МАҲСУЛОТИ ХАРИДААШОНРО ТАШХИС МЕКУНАНД

Февраль 4, 2010 12:51

Душанбе. 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Бо ибтикори Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар бозори марказии шаҳри Турсунзода озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ба истифода дода шуд. Дар маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар озмоишгоҳи мазкур ҳамаи намуди маҳсулоти хӯрока ташхис шуда, дар баробари ин ҳар як харидор баъди харидани маҳсулот имкони дар озмоишгоҳ муайян кардани сифати онро дорад. Гуфтанист, ки дар давоми соли 2009 дар асоси шартномаи байни «Тоҷикстандарт» ва «Тоҷикматлубот» дар бозорҳои ҷумҳурӣ 5 озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ба истифода дода шуда, дар назар аст, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ  дар шаҳри Хоруғ як озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ба истифода дода шавад.

Февраль 4, 2010 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!