СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ Э. РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН
Дар нимаи дуюми 25 феврали соли 2010 гуфтугўи телефонии байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай баргузор гардид. Сарварони ду кишвари дўст вазъ ва дурнамои равобити ҳасанаи ду кишварро баррасӣ намуданд. Ба масоили мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла амалӣ кардани пружаҳои муштарак дар арсаҳои мухталиф таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Зимни сўҳбат як идда масоили минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн низ баррасӣ шуд. Дар иртибот бо қарори Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Рўзи байналмилалии Наврўз эълон кардани 21 март роҳбарони Тоҷикистону Афғонистон ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамдигар ва мардумони ду кишварро ба ин муносибати фархунда шодбош гуфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






