ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Февраль 26, 2010 07:54

Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 26 феврал таҳти раёсати Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумат баргузор гардид. Нахуст, масъалаи таъйин ва озод намудани кадрҳо ба мақомоти давлатӣ баррасӣ гардида, мутобиқи Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Амрҳои Президенти мамлакат Абдуғаффор Раҳмонов аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъйин карда шуд. Хайрулло Маҳмадуллоев муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наргис Бояхмедова муовини аввали директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд. Инчунин, Ҷӯраев Комил намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Олмон ва Муҳаммадӣ Тӯраев намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Эрон таъйин гардиданд.     

Февраль 26, 2010 07:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад