ТАҶЛИЛИ 85 – СОЛАГИИ МИЛИСАИ ТОҶИКИСТОН

Февраль 8, 2010 10:19

Душанбе,  8 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). – Ҳар  сол  6  феврал  кормандони  милисаи  мамлакат   иди  касбии  худро  ҷашн  мегиранд. Таърихи  ташкили  милисаи  Тоҷикистон  ба  6  феврали  соли 1925  рост  меояд.  Ҳамон  сол бо  фармони  Комиссариати  халқии  корҳои дохилии  Ҷумҳурии  Мухтори  Шӯравии  Сотсиалистии  Тоҷикистон  Франс  Ижевский  сардори  Раёсати  умумии  милисаи  ҷумҳурӣ  таъин  гардид.  Кумитаи  инқилобии  ҷумҳурӣ  бо назардошти  аҳамияти  калони  мақомоти  милиса  дар  мубориза  ба  муқобили  босмачиён ва  ҳифзи  қонуну тартибот   6  феврали  соли  1925  ҳисоботи  Абдулло  Ёрмуҳаммадов  ва  Ижевскийро «Дар  бораи фаъолияти  милиса дар  Тоҷикистон»  шунида  ва  муҳокима  намуд. Баъдан  мақомоти  милиса   дар  шаҳрҳои  дигари  мамлакат,  аз ҷумла, Кӯлоб,  Қӯрғонтеппа  ва  маҳалҳои  дигар  ташкил  ёфтанд.  Тадриҷан  ба   мақомоти  милиса  сокинони  маҳаллӣ   ҷалб  карда  шуданд, ки  дар  корхонаҳои  саноатӣ  ва   колхозҳо  кор  мекарданд. Комиссарҳои  корҳои дохилии Тоҷикистон  солҳои  аввали  ташкилшавиашон ба  мақомоти  ҳокимияти  маҳаллӣ  ва  хоҷагии  коммуналӣ  роҳбарӣ  мекарданд. Фаъолияти  милиса   тӯли  солҳои  1924 — 1926  асосан   ба  мубориза  ба  муқобили  қувваҳои  зиддиинқилобӣ   равона  карда шуда буд. Тоҷикистон соли  1929  ба  Ҷумҳурии  мустақили  иттифоқӣ  табдил  ёфт. Вобаста ба  ин  Комиссариати  халқии  корҳои  дохилии  ҶШС  Тоҷикистон таъсис  дода шуд. Вале  комиссариатҳои   халқии  корҳои  дохилӣ  моҳи  декабри соли  1930  барҳам дода шуданд ва  ба  ҷои онҳо  Раёсатҳои  милиса  ва  ҷустуҷӯи  ҷиноӣ  ташкил  ёфтанд. Фаъолияти  мақомоти  милисаи  Тоҷикистон  соли  1941   бо  сар  шудани Ҷанги  дуюми  ҷаҳон  ба  куллӣ  тағйир  ёфт.  Бисёр  кормандони  мақомоти  корҳои дохилӣ ба  ҷанг  фиристода  шуданд,  ҳамон  солҳо  бисёр  занон  дар  мақомоти  милиса  ба  ҷои  шавҳарони  ба ҷанг  рафтаашон  кор  мекарданд. Комиссариатҳои  халқии  корҳои  дохилӣ  солҳои  ҷанг  дар  Мактаби  милисаи  шаҳри  Душанбе  барои тайёр  намудани  кормандони  милиса  аз  ҷумлаи  занон  курсҳои  алоҳида  кушод. Он  солҳо  кадрҳои  варзида  барои мақомоти  милисаи  Тоҷикистон  дар  Мактаби  олии  Комиссариати  халқии  корҳои дохилии  ИҶШС,  мактабҳои олии  милисаи  шаҳрҳои  Горкий,  Новосибирск ва  Свердловск  тайёр  карда  мешуданд. Инчунин   ба  мақомоти  милиса  кормандони   мақомоти  ҳизбӣ,  шӯравӣ  ва  ғайра   бо тавсияи   созмонҳои   комсомолию  ҳизбӣ ба кор  ҷалб  карда  мешуданд. Солҳои  ҷанг  кормандони  милиса  теъдоди  хеле  зиёди   дастаҳои  ғоратгарон  ва  гурезаҳоро   несту  нобуд  карда,   аслиҳаи  оташфишони   дар  дасти  аҳолӣ  бударо  мусодира  карданд.  Аз  рӯи  маълумоти  мавҷуда,  тӯли  солҳои  ҷанг  дар  қаламрави  Тоҷикистон  зиёда  аз  сад   гурӯҳи  ғоратгарон  нобуд  карда  шуд. Аввали  солҳои  50  — ум  дар  вилоятҳои  Ленинобод,  Кӯлоб ва  Қӯрғонтеппа,  инчунин  ноҳияҳои  атрофи  пойтахт  дастаҳои  ғоратгарон  ба  куллӣ  барҳам  дода шуданд. Солҳои баъди  ҷанг   назорати  ҷараёни  ҷамъоварии   ғалла,  ба  анборҳо  кашондан  ва  нигоҳ  доштани  маҳсулоти  кишоварзӣ,  инчунин  фаъолияти   анборҳо  ва  осиёбҳо  ба  зиммаи  кормандони  милиса  гузошта шуда буд. Ҷумҳурии  Тоҷикистон  9  сентябри  соли  1991  ба давлати  мустақил   ва  соҳибихтиёр  табдил  ёфт ва моҳи  марти  соли  1992  узви  комилҳуқуқи  Созмони  Милали  Муттаҳид  гардид. Гирдиҳамоиҳо  ва  намоишҳо  дар  давоми  солҳои  1990 – 1992   сабаби   сар  задани  ҷанги  дохилӣ  гардиданд. Солҳои  ҷанги  дохилӣ  дар  мубориза барои   барқарор  сохтани  ҳокимияти  конститутсионӣ  бештар  аз  1700  корманди  милиса  халок  шуд. Вазъияти  Тоҷикистон  27  июни  соли  1997  бо  имзои  Созишномаи   умумии   истиқрори  сулҳ  ва  созгории  миллӣ   ба  куллӣ  тағйир  ёфт. Кормандони  мақомоти  милиса  фаъолияти  худро  ба  таъмини  ҳаёти  осоишта   ва  тартиботу  қонун  равона  сохтанд. Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олии  Тоҷикистон  моҳи  майи  соли  2004  «Дар  бораи  милиса» Қонун  қабул  намуд. Фаъолияти  имрӯзаи  милисаи  тоҷик  дар  асоси   ҳамин  қонун  ба  роҳ  монда  шудааст. Мақомоти  милиса дар  шароити  имрӯза  такягоҳи  боэътимоди  давлати  мустақилу  соҳибихтиёр ва  демократии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мебошанд.

Февраль 8, 2010 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад