ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ХУҶАНД
Хуҷанд, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — 23 феврал дар маҷлисгоҳи Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ба муносибати 17 — солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ маҷлиси ботантана баргузор гардид. Дар он намояндагони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, қисмҳои ҳарбӣ, иштирокчиёни амалиёти низомӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ, иштирокчиёни амалиёти бартараф сохтани оқибати фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва ветеранҳои ҷангу артиш ҳузур доштанд. Маҷлисро комиссари ҳарбии вилоят Аъзам Қосимов кушод. Муовини аввали сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, генерал – майор Зариф Бобокалонов табрикномаи вазири мудофиаи мамлакатро ба унвони хизматчиёни харбӣ қироат намуд. Сипас фармонҳои вазири мудофиаи ҷумҳурӣ дар бораи мукофотонидани аскарону афсарони беҳтарини гарнизони Суғд дар вазъияти ботантана ироа карда шуд. Бисёр хизматчиёни ҳарбии вилоят бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии комиссариати ҳарбӣ ва раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд. Дар ҳамин ҷо натиҷаҳои спартакиадаи анъанавӣ таҳти унвони «Ҳомии ватан» ҷамъбаст карда шуд. Ҷои аввалро дастаи раёсати Кумитаи амнияти миллии вилояти Суғд ишғол намуд. Дирӯз бегоҳӣ дар Қасри фарҳанги «Кохи Рӯдакӣ» ба муносибати иди ҳомиёни Ватан ҷамъомади калони фарҳангӣ ташкил карда шуд. Ҷамъомадагонро раиси вилоят Қоҳир Расулзода табрик кард. Дар фарҷоми ҷамъомад таҳти унвони «Гулдухтарони тоҷик» консерти калони идона барпо гардид.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






