ТА&#1206ЛИЛИ СОЛГАРДИ БАРОВАРДАНИ &#1178ИСМ&#1202ОИ &#1202АРБИИ Ш&#1262РАВ&#1250 АЗ АФ&#1170ОНИСТОН

Февраль 15, 2010 10:54

Душанбе,  15  феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Субҳи имрӯз  дар  назди  ҳайкали  ёдгории Қаҳрамони  Иттиҳоди  Шӯравӣ  Александр  Мироненко  дар  шаҳри  Душанбе   бахшида ба   21 —  солагии  баровардани  қитъаҳои  маҳдуди  артиши  шӯравӣ  аз  Афғонистон  ҷамъомади  серодам  оғоз  ёфт. Дар он  намояндагони   Кумитаи  ҷанговарони  интернартсионалистӣ  ҷумҳурӣ,  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Душанбе,   сафорати   Русия  дар  Тоҷикистон,  пойгоҳи  низомии  Русия  дар  Тоҷикистон,  ҷанговарони  интернатсионалист ва  намояндагони  воситаҳои ахбори оммавӣ  иштирок  доранд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  қисмҳои  ҳарбии  шӯравӣ  моҳи  декабри  соли  1979  ба  Афғонистон  дароварда ва  аз  ин  мамлакат  моҳи  феврали  соли  1989  бароварда шуда буданд. Дар  ҷанги  Афғонистон  бештар  аз  ним  миллион  аскару  афсари  шӯравӣ  иштирок  дошт ва 14  ҳазору  453  хизматчии  ҳарбӣ  ҳалок  шуд,  417 нафар  асир  афтода ё  бе  ному  нишон  гардид. Аз  ин ҷумла,  119  нафар  озод  гардида,  97  нафар   ба  ватан  баргардонида шуд, 22  нафари  дигар   дар  мамлакатҳои  дигар  боқӣ  монданд. Дар  ҷанги  мазкур  бештар  аз  200  ҳазор  хизматчии  ҳарбӣ  бо  ордену  медалҳо  мукофотонида шуд,  аз  ин  ҷумла,  ба 72  нафари онҳо  унвони Қаҳрамони  Иттиҳоди  Шӯравӣ  дода шуд. Имрӯз дар  Тоҷикистон  6  ҳазору  800 иштирокчии    ҷанги  Афғонистон  зиндагӣ  мекунад. Умуман  аз  Тоҷикистон  ба  ин  мамлакат  15  ҳазор  нафар   хизматчии  ҳарбӣ  фиристода шуда буд, ки  366  нафари онҳо  ҳалок  ва бештар  аз 1000  нафар  маҷрӯҳ  шуд. 5  нафар  намояндаи  Тоҷикистон  дар  ҷанги  Афғонистон  ба  унвони  Қаҳрамони  Иттиҳоди  Шӯравӣ  сазовор   гардид.

Февраль 15, 2010 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд