ТАРОЗУҲОИ ЧИНОИЮ ЭРОНӢ БАРЧИДА МЕШАВАНД

Февраль 9, 2010 11:19

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон аз тамоми бозорҳои шаҳр тарозуҳои ғайристандартии сохти чиноию эронӣ барчида мешаванд. Ин масъала дар ҷаласае, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайуллоев доир шуд,  баррасӣ гардид. Дар робита Раиси шаҳр директорони бозорҳои КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» -ро супориш дод, ки дар мӯҳлати ду ҳафта аз тамоми бозорҳои шаҳр тарозуҳои ғайристандартии истеҳсоли чинию эрониро барчида,  барои хизматрасонӣ ба мизоҷон тарозуҳои электрониро таъмин созанд. Дар ҷаласа, баҳри таъмини назорати воридот ва савдои маҳсулоти хушсифат дар бозори истеъмолии пойтахт ва ба ин васила тақвият бахшидан ба амнияти истеъмолию ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон зикр шуд, ки ҳамкории мутақобилаи Агентии «Тоҷикстандарт» бо масъулини бозорҳои шаҳри Душанбе ҷоннок карда шавад. Бо ин мақсад таъкид  шуд, ки комиссияи муштараки сохторҳои назорати давлатӣ бо иштироки бевоситаи масъулини Агентии мазкур ҳолати мутобиқати маҳсулоти ба фурӯш гузошташавандаи бозорҳои шаҳр ва хизматрасониҳо дар ин самт  ба талаботи стандартиро мавриди санҷиш қарор диҳад.   Ба сохторҳои марбутаи шаҳрӣ дастур дода шуд, ки ҳолати насб ва истифодаи мақсадноки мошинаҳои назоратӣ- хазинавиро дар тамоми субъектҳои савдою тиҷоратии дар пойтахт буда, зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Давлаталӣ Ҳотамов ҳузур дошт.  

Февраль 9, 2010 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!