ТАШАББУСҲОИ ҚАЗОҚИСТОН ҲАМЧУН РАИСИ САҲА
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчун раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар соли 2010 ташаббусҳоеро ба миён мегузорад, ки ба туфайли онҳо бисёр проблемаҳои минтақа то андозае ҳал карда хоҳанд шуд. Ҳадафи ин ташаббусҳо мусоидат ба афзун гардонидани самараи фаъолияти созмон дар таҳкими суботи вазъият ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, истифодаи имкониятҳои созмон дар рушди ҳамкории минтақавӣ, ҳалли баъзе проблемаҳои экологӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, тақвияти мубориза ба муқобили таҳдидҳои замони ҳозира, пеш аз ҳама терроризм ва паҳн гардидани маводи нашъадор мебошад. Ташаббуси асосии Қазоқистон ҳамчун раиси САҲА ба вусъат бахшидани транзити мол дар минтақаи Евразия ва шабакаи роҳҳои нақлиётии минтақа дахл дорад. Барои ҳалли ин масъала мулоқоти 18 – уми намояндагони мамлакатҳои аъзои САҲА даъват карда мешавад. Ташаббуси дигари Қазоқистон ҳамчун раиси САҲА ба муҳокимаи проблемаҳои экологӣ равона карда шудааст. Қазоқистон ният дорад, ки аз имкониятҳои САҲА барои ҳалли проблемаҳои Баҳри Арал, истифодаи оқилонаю самарабахши захираҳои об ва энергетика истифода барад. Бо ин мақсад бахшида ба проблемаҳои Арал конфросни махсуси мамлакатҳои мададрасон даъват карда мешавад. Қазоқистон қарор додааст, ки дар соли раёсати худ дар САҲА ба Афғонистон низ кӯмак расонад. Тибқи нақша барои омӯзиши ҳазор нафар мутахассиси афғон дар мактабҳои олии Қазоқистон 50 миллион доллари ИМА ҷудо карда хоҳад шуд. Намояндагони Афғонистон дар мактабҳои олии Қазоқистон ихтисосҳои ғайриҳарбиро меомӯзанд. Дар доираи тақвияти мубориза ба муқобили маводи нашъадор соли равон дар Вена конфронси махсуси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо гузаронида мешавад. Роҳбарияти Қазоқистон ҳамчунин тақвият бахшидани муборизаро ба муқобили терроризм дар доираи фаъолияти САҲА зарур мешуморад.Тибқи қарори қабулшуда соли 2010 дар шаҳри Остона таҳти раёсати Қазоқистон бо иштироки намояндагони мамлакатҳои аъзои САҲА бахшида ба масъалаҳои тақвияти мубориза ба муқобили терроризм конфронси байналмилалӣ гузаронида хоҳад шуд.








Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид






