ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОИ ЁЗДАҲУМ

Февраль 8, 2010 14:55

Душанбе, 8  феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). – Дар  шаҳри  Давоси  Швейтсария  маҷлиси идонаи  40 – уми  Созмони  ҷаҳонии  иқтисодӣ  баргузор  гардид.  Дар  он   вазъияти   муҳити  зист   дар  соли  2010  таҳлил  намуда, ба  мавқеъ ва  саҳми   мамлакатҳои  ҷаҳон  дар  ин  масъала  баҳо  дода шуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки Тоҷикистон  дар байни  163  мамлакати  ҷаҳон  дар  масъалаҳои  назорат ва  пешгирии  олуда  гардидани   муҳити  зист,  истифодаи оқилонаи  сарватҳои  табиӣ ва  ҳифзи  онҳо  ҷои  11 – умро  ишғол  намуд. Ҷумҳуриҳои  Осиёи  Марказӣ —  Қирғизистон  дар  ин  масъала  ҷои  79 – ум,  Қазоқистон  ҷои  91 – ум,  Ӯзбекистон  ҷои  144 – ум  ва  Туркманистон  ҷои  157 – умро  ишғол  менамоянд.  Дар  мақоми  аввали  рӯихати тартибдодаи  Созмони   ҷаҳонии  иқтисодӣ  Исландия  ва  Швейтсария  ҷойҳои  аввалро  ишғол менамоянд.    

Февраль 8, 2010 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад