ТОҶИКИСТОНУ ҶОПОН ХОСТОРИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТӢ

Февраль 26, 2010 15:50

Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ҷопон мусбӣ буда, ҳарду ҷониб ҷиҳати рушди минбаъдаи ин ҳамкориҳо кӯшиши пайваста мекунанд. Ин нуқтаро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев дар семинар-машварат, ки имрӯз дар Душанбе, дар мавзӯи «Инфрасохтори савдо ва содагардонии расмиёти вобаста ба он», доир гашт, тазаккур дод. Семинари мазкур дар доираи ташрифи профессори Донишгоҳи Ритсумейкани Ҷопон Тсукада ба Тоҷикистон доир шуда, дар он намояндагони соҳаҳои мухталиф иштирок намуданд. С. Назриев зикр намуд, ки имрӯз сиёсати давлати Тоҷикистон ба беҳбуди сифати зиндагии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ, равона шудааст. Аз ин нуқтаи назар, семинари имрӯза дар самти ноил шудан ба ин ҳадафҳо мусоид хоҳад буд.    Профессор Тсукада гуфт, ки семинари имрӯза характери байналмилалӣ дошта, дар самти рушди иқтисоди миллӣ, ҳамкориҳои тиҷоратии минтақавӣ ва вусъат додани гардиши мол миёни кишварҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, иштирокдорони ин семинар-машваратро зарур аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро таҳким бахшида, дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои рушди иқтисоди миллӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, чораҳои мушаххас андешанд. 

Февраль 26, 2010 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд