ВАЗЪИ ҲАВОИ КИШВАР
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — 23 феврад дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои абролуди тағйирёбанда ва дар бисёр минтақаҳо бебориш боқӣ мемонад, танҳо бегоҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ карда мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳо борони шадид борида, баъдан ба барф табдил хоҳад ёфт. Дар ноҳияҳои шимолии мамлакат суръати шамол афзуда, рӯзҳои 24 ва 25 феврал туман мушоҳида карда, борони кӯтоҳмуддат меборад, — хабар дод, сардори Маркази ҳавошиносии Муассисаи давлатии ҳавосанҷии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева. Вай зикр намуд, ки пагоҳ, 23 феврал ҳавои вилояти Хатлон аз 18 то 23 дараҷа, ҳавои вилояти Суғд бо вуҷуди то 23 метр дар як сония афзудани суръати вазиши шамол аз 10 то 15 дараҷа, ҳавои ноҳияҳои тобеи марказ аз 12 то 17 дараҷа, қисмати ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 3 то 8 дараҷа ва хавои шаҳри Душанбе аз 15 то 17 дараҷа гарм мешавад. Ҳарорати ҳавои қисмати шарқии ВМКБ аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






