ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ БА МАБЛАҒИ 38 МИЛЛИОН СОМОНӢ САҲМИЯ ХАРИД
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дирӯз дар назди бинои идораи асосии «Амонатбонк» маъракаи дастгирии харидории саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз тарафи кормандони соҳаи тандурустии кишвар сурат гирифт. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ аз дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва тамоми сохторҳои зертобеи он, марказҳои ҷумҳуриявии клиникӣ, муассисаҳои тибби хусусӣ, раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ ва намояндагони дигар муасссисаҳои тандурустӣ, хулоса, беш аз 2 ҳазор нафар ширкат варзиданд. Бояд қайд кард, ки тамоми муассисаҳои тандурустии кишвар то ба имрӯз ба миқдори 38 миллион сомонӣ саҳмия харидорӣ намуданд. Мувофиқи маълумоти пешниҳодкардаи раёсати иқтисод ва банақшагирӣ, маблағи якрӯзаи харидории саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии кишвар дар санаи 15-уми феврал 454 100 сомониро ташкил дод. Ин иқдоми кормандони соҳа то охири сол давом хоҳад ёфт.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






