ВЕТЕРАНҲОИ ҶАНГ АЗ ТОҶИКИСТОН БА МАСКАВ МЕРАВАНД
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Раиси Шӯрои ветеранҳои ҷанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматҷон Қудратов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар расми гузашти идона бахшида ба 65 – солагии ғалабаи халқҳои Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 2 нафар ветерани ҷанг иштирок менамояд, ки дар муҳорибаи Маскав ширкат дошт. Расми гузашти идона 9 май дар Майдони сурхи шаҳри Маскав баргузор мегардад. Р.Қудратов афзуд, ки қабл аз ин аз Тоҷикистон боз 5 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 65 – солагии ғалаба даъват карда шудаанд. Дар ин тантанаҳо аз Тоҷикистон 7 нафар намоянда иштирок хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






