ВОХЎРИҲОИ СУДМАНД
Ҳисор, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Дар ноҳияи Ҳисор як гурӯҳи махсуси ташвиқотию-тарғиботӣ таъсис гашт. Дар он намояндагони шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия, маркази танзимиоила, шӯъбаи маориф, шӯъбаи корҳои дохилӣ, бахши ҳифзи муҳитизист, бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо шомиланд. Гурӯҳи мазкур дар шаҳрак ва ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия вохӯриҳо ва мизҳои муддавар доир менамоянд. Тавре Хайриниссо Раҷабова – мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадафи асосии гурӯҳи ташвиқотӣ ин пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуб аз қабили худкушӣ, ифротгароӣ, дуздӣ, авбошӣ, қонунвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғон мебошад. Дар вохӯриҳо аъзоёни гурӯҳи ташвиқотӣ моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амру фармонҳои сардори давлатро фаҳмонида ба ҷавондухтарону фаъолзанон, омӯзгорону соҳибкорон сӯҳбатҳои муфид доир менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






