ВОКУНИШИ

Февраль 25, 2010 10:25

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Гузориши миёнадаврии №2 Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА аз таърихи 22 феврали соли 2010 . Аз ибтидои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДНДҲБ-и САҲА дар маъракаҳои интихоботии кишвари мо ба сифати нозирони байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, тавассути пешниҳодҳо ва маслиҳатҳои муфиди худ барои мутобиқ гардидани ташкил ва баргузории интихобот, аз ҷумла интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ба меъёрҳои байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Мутаассифона, Гузорише, ки мавриди назари мост, дар мавриди баҳо додан ба баррасии арзу шикоятҳо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро дар ҳайрат гузошт, дар ҳоле, ки намояндагони ин созмон дар баррасӣ ва ҳаллу фасли арзу шикоятҳо дар КМИР ва мақомоти судӣ пайваста иштирок менамоянд, андешаҳои худро иброз медоранд ва фикру мулоҳизаҳои онҳо, ки ҷавобгӯи талаботи қонунгузории мо ҳастанд, ба инобат гирифта мешаванд. Боиси таассуф аст, ки дар Гузориш маълумот ва фактҳои носанҷидаву инсуниатсионие дарҷ гардидаанд, ки на танҳо интихобкунандагони Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонро ба иштибоҳ меандозанд. Аз ҷумла дар Гузориш омадааст, ки «КМИР аз рӯзи 19–уми январ инҷониб ягон маҷлис нагузаронидааст». Воқеият ин аст, ки баъди 19–уми январи соли ҷорӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маҷлиси дигар рӯзҳои 11-ум ва 16-уми феврал баргузор карда, арзу шикоятҳои воридшударо баррасӣ ва ҳаллу фасл намуда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул кардааст. Дар маҷлиси 11-уми феврал аризаи шикоятии Бобоев Ғиёс ва муроҷиати В.Қосиддин, инчунин дар маҷлиси 16-уми феврал аризаи Ҳ. Сайфуллоҳзода ҳаллу фасл шуда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд. Ин арзу шикоятҳо ба қарору амали комиссияҳои интихобот, ки аз рӯи қонун бояд Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври коллегиалӣ баррасӣ намояд, марбут буданд. Дар маҷмӯъ то имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 маҷлис баргузор намуда, дар онҳо масъалаҳои муҳимтарини марбут ба ташкил ва баргузории интихоботро баррасӣ кардааст. Дар Гузориш инчунин омадааст, ки «Қонун дар бораи интихобот аз КМИР талаб мекунад, ки аз болои арзу шикоятҳо тавассути овоздиҳии аъзо дар ҷаласаи кушода расман қарор қабул намояд. Вале то имрӯз КМИР ба таври коллегиалӣ ва шаффоф аз болои шикоятҳо қарор набаровардааст… То кунун ҷавобҳои расмӣ дар шакли мактуб бо имзои раиси КМИР дода шудаанд, на ин ки дар шакли қарори расмӣ». Муаллифони Гузориш ба моддаҳои 12 ва 19-и Қонуни конститутсионӣ истинод мекунанд, вале таваҷҷӯҳ накардаанд, ки дар банди 17-ми моддаи 12 оид ба ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «аризаю шикоятҳоро аз хусуси қарору амали комиссияҳои интихобот муҳокима менамояд ва аз рӯи онҳо қарорҳо қабул мекунад». Ҷавобҳои расмие, ки «дар шакли мактуб бо имзои раиси КМИР дода шудаанд», ба қарору амали комиссияҳои интихобот дахл надоранд, балки дар доираи ваколатҳои раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтаанд. Дигар эроду хурдагириҳои дар Гузориш сабтшуда низ аслан аз ҳамин қабиланд, ки мо онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷавобҳои дақиқро манзури шумо хоҳем кард. Худ қазоват кунед, оё мумкин аст, ки чунин як созмони бонуфуз ба истилоҳ факту далелҳои ҳамаҷониба носанҷидаро дар Гузориши расмии худ ҷой диҳаду дар чунин сатҳи дасисаангезона қазоват бикунад? Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон    

Февраль 25, 2010 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст