ЯРМАРКА ДАР ҚУРҒОНТЕППА
Қурғонтеппа, 26 феврал.(АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Дирӯз дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаеви шаҳри Қурғонтеппа аз тарафи сардори сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар ярмарка ноҳияҳои Бохтар,Ҷ. Румӣ, Ёвон, Сарбанд, Вахш ва шаҳри Қурғонтеппа иштирок доштанд, ки дар он 48-корхонаю ташкилот ва муассисаҳо аз ноҳияҳои номбурда 831-ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод пешниход намуданд.62-нафар ба ҷойҳои кори доимӣ таъмин шуданд ва 40-нафари онҳо барои роҳхат ба хориҷа, барои кор кардан дар корхонаю заводу фабрикаҳо пешниҳод шуданд.Ба гуфтаи сардори шӯъбаи рушди бозори меҳнат ва дасгирии соҳибкор Ҷӯраев Ризоқул мақсад аз ташкил намудани ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод, паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар вилоят ва ба ин васила таьмин намудани ахолӣ бо ҷои кори доимӣ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






