ЯРМАРКАИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ДАР ДУШАНБЕ

Февраль 22, 2010 07:32

Душанбе, 22 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова) .- Дар остонаи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи 20 феврал дар толори «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт ярмаркаи ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди байналмилалии системаҳои интихоботӣ /IFES/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаки молии Ожонсии рушди байналмилалии Амрико /USAID/ ташкил ва гузаронида шуд. Назар ба иттилоъи роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов, ярмарка маъракаи муҳими ташвиқотӣ буда,  мардум дар  бораи хизбҳои сиёсӣ ва барномаҳо, платформа, мақому мароми аҳзоби сиёсӣ ва меъёрҳое, ки ба интихобот марбут аст, аз наздик шинос шуданд. Ба андешаи Роҳбари намояндагии IFES дар Тоҷикистон Майкл Гетто мақсади  асосии ташкил ярмарка дар остонаи интихоботи парлумонӣ  бархӯрдор намудани интихобкунандагон, бахусус ҷавонон аз барномаи фаъолияти аҳзоби сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Майкл Гето афзуд, ки чунин ярмарка қаблан дар марказҳои маъмурии вилоятҳои Хатлон ва Суғд- шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд ташкил карда шуда буд. Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни ярмарка интихобкунандагон, ки асосан  бештари онҳоро ҷавонон ташкил медоданд аз барномаҳои пешазинтихоботии 8 ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ,  мақсаду мароми онҳо аз наздик ошно шуданд. Инчунин, иштирокдорони ярмарка бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои онҳо ба интихоботи парлумонӣ мулоқот намуданд. Назар ба андешаи намояндаи Ҳизби соссиал- демократи Тоҷикистон Шӯҳрат Қудратов ташкили чунин ярмаркаҳо дар остонаи интихобот ба демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Февраль 22, 2010 07:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад