ЯРМАРКАИ НИҲОЛҲО ДАР ХУҶАНД

Февраль 22, 2010 16:53

Суғд, 22 феврал.(АМИТ «Ховар», С.Юсуфӣ, М.Амонов).-Дар боғи истироҳат ва фарҳанги шаҳри Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиш-фурӯши ниҳоли дарахтони мева, сояафкан ва гулу буттаҳо барпо гардид. Чӣ хеле мудири шӯъбаи агросаноатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сайдулло Атаев изҳор дошт, ба ярмарка бештар аз 1.670 ҳазор бех ниҳолу бутта овардаанд. Ниҳолпарварони ноҳияҳои Мастчоҳ, Истаравшан, Ашту Конибодом, Зафаробод, Fончӣ ба намоиш-фурӯш ниҳолҳои босифат ва ба ҳосилдихӣ тайёрро овардаанд. Танҳо хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба номи Fайбулло Масаидов 3000 бех ниҳол овардаанд, ки 13 намуди дарахтони меваро ташкил мекунад. Дар намоиш-фурӯши ниҳол сокинони ноҳияи Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳам иштирок карданд. Онҳо бо мақсади он, ки гулгашту хиёбонҳои шаҳрҳои калонтарини вилоят сабзпӯш шаванд, асосан ниҳоли дарахтони сояафкан овардаанд. Дар вилоят талабот ба санавбар, туя, можжевелник ва сӯзанбарги тяншонӣ хеле зиёд аст. Дар вилояти Суғд даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро якдилона пазируфтанд. Аз ин рӯ, танҳо соли 2009-ум масоҳати боғи нав ба 2015 гектар расонда шуд. Дар 328 гектар токзор ба вуҷуд оварданд. Мувофиқи нақшае, ки идораи хоҷагии қишлоқи вилоят таҳия кардааст, соли 2014-ум масоҳати боғу токзор дар ҳудуди вилоят ба 20.000 гектар расонда мешавад. Алҳол дар шаҳру навоҳӣ навсозии боғу токзори кӯҳна вусъат гирифтааст.

Февраль 22, 2010 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!