ЁРИИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА БА АҲОЛӢ
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, аҳолии бар асари офатҳои табиӣ зарардида, ки дар давраи солҳои 2005 — 2010 таҳти таъсири равандҳои экзогенӣ қарор доштанд, 294 хоҷагӣ ба ҷойҳои нави бехавф кӯчонида шуданд. Аз ҷумла дар вилоятиХатлон 164 хоҷагӣ, вилояти Суғд – 41 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 87 хоҷагӣ ҷои зисти доимиашон иваз карда шуд. Боиси тазаккур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии зарардида ба маблағи 1 млн. 423 ҳазору 150 сомонӣ кӯмакпулии яквақта ва қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуд. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, соли 2009 маблағи хисорот аз ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта 100 млн. 767 ҳазору 200 сомониро ташкил додаст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






