ЖУРНАЛИСТОН ҚОИДАҲОИ ИНЪИКОСИ ҶАРАЁНИ ИНТИХОБОТРО МЕОМӮЗАНД

Февраль 16, 2010 09:52

Хуҷанд, 16  феврал. (АМИТ «Ховар», Сановбар  Мақсудова). – 12 – 13  феврал  дар  бинои  Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд ба  номи  Б.Ғафуров бо  кӯмаки   Бунёди Фридрих  Эберти  Олмон,  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Раёсати   хизмати давлатии  назди  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  кормандони  воситаҳои  ахбори оммавӣ   дар  мавзӯи  «Воситаҳои  ахбори оммавӣ,  ҳуқуқ ва  иштироки  шаҳрвандон  дар   ҳаёти  сиёсӣ  ва  идораи  давлат»  семинар   баргузор  гардид. Дар  он   сардори раёсати  хизмати  давлатии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҷумъахон  Сафаров,  мудири  шӯъбаи  ҳуқуқи  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  ҷумҳурӣ Дӯстмурод  Муродов,  сардори  раёсати   хизмати  давлатии   назди  Президенти  ҷумҳурӣ Ҷумъахон  Давлатов,  мутахассиси  пешбари  шӯъбаи  таҳлилию  иттилоотии  Дастгоҳи  иҷроияи  Президент Маҳмудхон  Сараев,  роҳбари   дастгоҳи   марказии  Комиссияи  Марказии  интихобот  ва  раъйпурсии  ҷумҳурӣ  Муҳибулло  Додоҷонов,  муовини  аввали  раиси  Кумитаи  телевизион  ва радиои   назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ,  роҳбари  дафтари  матбуоти  Комиссияи  м арказии  интихобот  ва  раъйпурсии  ҷумҳурӣ  Абдураҳмон  Абдуманнонов, роҳбари  намояндагии  Бунёди Фридрих  Эберт  дар  Тоҷикистон Рустам  Ҳайдаров ва  дигарон  сухан  карданд. Онҳо  дар  бораи қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  роҷеъ ба  интихобот,  фаъолияти  Комиссияи  марказии  интихобот  ва  раъйпурсӣ,  масъулияти  журналистон ва  воситаҳои  ахбори оммавӣ дар  бобати  инъикоси  ҷараёни  интихобот  ва тайёрӣ ба  он  изҳори  ақида  намуданд.

Февраль 16, 2010 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад