1 МЛН СОМОНӢ-САҲМИ МАСТЧОЙИҲО ДАР БУНЁДИ «РОҒУН»

Март 5, 2010 13:58

Суғд, 5 март.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Барои сокинони ноҳияи Мастчоҳ нерӯгоҳи азими барқи обии Роғун – санги маҳаки номуси миллист. Ин аст, ки аҳли ҷамоати калонтарини ноҳияи Мастчоҳ – Оббурдон бо камоли масъулият ва офияти ватандорӣ сарҷамъона коғазҳои қимматноки онро харидорӣ менамоянд. Бино ба иттилои масъулини  ҷамоати деҳоти мазкур то  1-уми март аҳолии ин ҷамоат ба маблағи 1 миллиону 50 ҳазор сомонӣ саҳмия ва сертификатҳои саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи НБО «Роғун»-ро харидаанд. Дар харидории саҳмияҳо ҳамаи табақаҳои ҷомеа-сарварон ва саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқконӣ, соҳибкорон, муаллимон, табибон муташаккилона меварзанд.  

Март 5, 2010 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд