ҚАТЪНОМАИ СММ ДАР БОРАИ 65 – СОЛАГИИ АНҶОМИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар»). — Маҷмаи кулли СММ тибқи пешниҳоди Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Канада, Қирғизистон, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина ва баъзе мамлакатҳои дигар дар бораи 65 – солагии ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон қатънома қабул кард. Маҷмаи кулли СММ ба ҳамаи давлатҳои аъзо, сохторҳо ва муассисаҳои СММ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва хусусӣ пешниҳод кард, ки 9 май ҳамчун рӯзи поси хотири ҳамаи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷашн гирифта шавад. Намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ Виталий Чуркин дар бораи қатъномаи Маҷмаи кулли СММ сухан ронда, изҳор намуд, ки дар робита ба раиси Маҷмаи кулл супориш дода мешавад, ки моҳи майи соли 2010 бахшида ба 65 – солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон маҷлиси махсуси ботантана гузаронад. Ба қавли В.Чуркин, Русия пешниҳод менамояд, ки чунин маҷлис 6 май гузаронида шавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






