ҲАҶМИ МУОМИЛОТИ МОЛ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ИДМ, аввали соли равон Маҷмӯи маҳсулоти дохилии баъзе мамлакатҳои Иттиҳод афзуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Қирғизистон 16 фоиз, дар Озарбойҷон 9,2 фоиз, Тоҷикистон 4,2 фоиз, Арманистон 2,4 фоиз, Белорусия 1,3 фоиз ва Қазоқистон 1,1 фоиз зиёд шуд. Дар баробари ин ҳаҷми истеҳсоли Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Украина 15 фоиз, дар Молдавия 7,7 фоиз ва Русия 7,9 фоиз коҳиш ёфт. Дар ин муддат ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни мамлакатҳои ИДМ афзуд. Аз ҷумла, ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигари ИДМ 16,3 фоиз зиёд гардид. Нишондиҳандаи мазкур дар Қазоқистон 12 фоиз, Озарбойҷон 8,4 фоиз ва Белорусия 7,2 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми муомилоти мол дар Украина 4,8 фоиз кам шуд. Дараҷаи беқурбшавии пул дар Тоҷикистон 5,3 фоиз, дар Молдавия 2,8 фоиз, дар Озарбойҷон 1,8 фоиз ва Қирғизистон 0,7 фоиз боло рафт. Дар ин муддат нархи мол дар Русия 8 фоиз, Қазоқистон 7,3 фоиз, дар Арманистон 7 фоиз, дар Белорусия 6,6 фоиз ва Украина 11,1 фоиз баланд гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






