ҲАЛОКАТИ ОДАМОН ДАР РОҲИ МОШИНГАРДИ ДУШАНБЕ — ХУҶАНД
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Бегоҳии 17 март дар километри 72 – юми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар даромадгоҳи қисмати ҷанубии туннели «Истиқлол» дар натиҷаи фаромадани тарма 11 нафар ҳалок шуд. Дар ин бора сардори шӯъбаи Вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ Владимир Багуманов ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Мавсуф зикр кард, ки бегоҳии дирӯз дар яке аз қитъаҳои роҳи даромадгоҳи туннел миқдори зиёди барфу тарма фуромада, роҳи мошиннгардро пахш намуд. Дарозии тарма 200 метр ва баландии он 4 метр мебошад. Тарма 11 мусофирро пахш намуд, ки зимни фуромадани он аз мошин баромада, онро ба пеш тела медоданд. Мусофирони мазкур аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд рафтанӣ буданд. Тибқи хабари расида, 8 нафар дар ҷои воқеа ҳалок шуд, 3 нафари дигар дар ҳолати вазнин ба шифохона фиристода шуданд. Мутахассисони Вазорати нақлиёт ва алоқа, инчунин Кумитаи мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулодда фавран ба ҷои воқеа фиристода шуданд. В.Багуманов изҳор намуд, ки айни ҳол роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд бар асари фуромадани тарма муваққатан баста шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






