ҲУКУМАТИ ҶОПОН БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД

Март 12, 2010 11:00

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Чошти  имрӯз  дар  Вазорати  энергетика  ва  саноати  ҷумҳурӣ дар  ҳузури  вазири  энергетика ва  саноат Гул  Шералӣ иҷрокунандаи  вазифаи  Сафири  Ҷопон  дар  Тоҷикистон Йошихиро Накаяма,  раиси  ноҳияи  Рашт  Маҳмадҷон  Давлатов  ва   муовини  аввали  раиси   ноҳияи  Роштқалъа  Фазлиддини  Иброҳим  дар  бораи  расонидани  кӯмаки  молиявии  Ҳукумати  Ҷопон  ба  ноҳияҳои  мазкур  дар  бобати  сохтмони нерӯгоҳҳои  хурди  барқӣ  созишнома  имзо  менамоянд. Маблағи  умумии   созишнома  188 ҳазору  528  доллари  ИМА – ро ташкил  медиҳад. Аз  ин  маблағ  барои  сохтмони   нерӯгоҳи  хурди  барқӣ  дар  ҷамоати  Ҳоити   ноҳияи  Рашт  95  ҳазору  565   доллари  ИМА  ва барои  сохтмони  нерӯгоҳи  хурди барқӣ дар   ноҳияи  Роштқалъа   92  ҳазору  958  доллари  ИМА  ҷудо  карда  мешавад.  Ҷамоати  Ҳоит 5910 нуфус  дорад  ва  аз  маркази  ноҳия  53  километр  дур  мебошад. Таъминоти  қувваи барқ дар  ин  ҷо  хусусан  фасли  зимистон ниҳоят  маҳдуд мегардад. Ба  туфайли  сохтани  нерӯгоҳи  барқӣ  аҳолӣ  ва  ҳамаи  корхонаю  муассиса  ва  хоҷагиҳои  ҷамоат бо  қувваи барқи  доимӣ  таъмин  карда  мешаванд. Иқтидори   нерӯгоҳи  хурди  барқӣ  дар  ноҳияи  Роштқалъа  400 киловатт – соат  мебошад.  Нерӯгоҳи  мазкур  маҳалҳои  аҳолинишини  Бармев  ва  Шосро  бо  қувваи барқ таъмин  хоҳад кард. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки имрӯз  инчунин  дар  Вазорати  маорифи  ҷумҳурӣ маросими  имзои   созишномаҳо  дар  бораи   расонидани   кӯмаки  молиявии  Ҳукумати  Ҷопон  барои   беҳтар  сохтани  вазъи  маориф  дар  ноҳияҳои  Роштқалъа,  Панҷ ва  Рашт  созишномаҳо  имзо  карда  мешаванд. Созишномаҳоро  иҷрокунандаи  вазифаи  сафири  Ҷопон  дар  Тоҷикистон  Йошихиро Накаяма,   раиси ноҳияи  Рашт Маҳмадҷон  Давлатов,  муовини раиси  ноҳияи  Роштқалъа  Фазлиддини  Иброҳим  ва  муовини раиси  ноҳияи  Панҷ  Хайринисо  Кенҷаева  имзо  мекунанд. Тибқи  ин  созишномаҳо  барои  мактабҳои миёнаи  ноҳияи  Рашт  ба  маблағи 95  ҳазору  809  доллари  ИМА  мебел,  аз ҷумла 1163  партаю  курсӣ  ва 102  тахтаи  сиёҳи  хатнависӣ  харида  мешавад. Ҳукумати  Ҷопон  барои  тармиму  барқарорсозии   мактаби  миёнаи  № 27  ноҳияи  Роштқалъа  90  ҳазору  939  доллари  ИМА  ҷудо  кардааст. Инчунин бо  маблағи  ҷудонамудаи  Ҳукумати  Ҷопон  дар  деҳаи  Тоҷиксои  ҷамоати  Намунаи ноҳияи  Панҷ бинои  мактаби  миёнаи  № 24  таъмир  карда  хоҳад шуд.   Мактаби  мазкур  моҳи  майи   соли 2009  бар  асари  боридани  борон  ва омадани  сел  харобу  валангор  гардида буд. Айни  ҳол талабагони он   дар  мактабҳои  деҳаҳои  ҳамсоя  таҳсил  мекунанд.  Бинои  мактаб  инчунин  бо  мебел ва  асбобу  анҷоми  хониш  таъмин  карда  мешавад.

Март 12, 2010 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад