ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОН
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 28 феврал дар Тоҷикистон интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии қолнунбарор баргузор гардиданд. Аз рӯи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни интихобот 153236 нафар (5,01 %) ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 26614 нафар (0,84%) ба тарафдории Ҳизби демократии Тоҷикистон, 147896 нафар (5,09 %) ба тарафдории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, 227809 нафар (7,22 %), ба тарафдории Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, 244171 нафар (7,74 %) ба тарафдории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, 14907 нафар (0,47 %) ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, 22610 нафар (0,72%) ба тарафдории Ҳизби сотсиал — демократии Тоҷикистон ва 2261406 нафар (71,69%) ба тарафдории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон овоз доданд. Раиси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев зикр намуд, ки дар парлумони нав се ҳизб – Ҳизби сотсиал — демократӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби демократии Тоҷикистон аз ваколати намояндагӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ маҳрум гардиданд. Баъди эълони натиҷаҳои пешакии интихобот, гурӯҳи нозирони Кумитаи иҷроияи ИДМ дар бораи натиҷаҳои интихобот изҳорот дод. Раиси гурӯҳи нозирони ИДМ Сергей Лебедев изҳор намуд, ки интихобот дар Тоҷикистон мувофиқи Қонуни асосиии ҷумҳурӣ ва қонунгузории амалкунандаи интихобот ва принсипҳои демократия гузаронида шуд. Гурӯҳи нозирони ИДМ изҳор намуд, ки интихоботи парлумони Тоҷикистон ба таври озоду демократӣ ва шаффоф баргузор гардид. Сипас намояндаи гурӯҳи нозирони созмони «Ҷонибдорони интихоботи одилона» изҳорот дод. Дар изҳорот аз ҷумла, гуфта мешавад, ки дар ҷараёни интихобот ҳодисаҳои риоя нашудани қонун, маҳдуд гардонидани ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар интихобот мушоҳида карда нашуд. Интихобот мувофиқи талаботи марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеа дар Тоҷикистон, таърихи гузаштаю имрӯзаи он, дар вазъияти гуногунандешии сиёсӣ, иштироки фаъолонаи хизбҳо ва рақобати солими сиёсӣ гузаронида шуд. Дар изҳороти ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай гуфта мешавад, ки интихоботи парлумони Тоҷикистон умуман дар сатҳи баланд ва муташаккилона баргузор гардид. Дар баъзе қитъаҳои интихоботӣ камбудиҳои ночиз мушоҳида карда шуданд, ки ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонида наметавонанд. Ҷараёни интихоботро дар Тоҷикистон 534 нозири байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай назорат карданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар интихобот 3 миллиону 154 ҳазору 433 нафар иштирок намуд, ин 87,1 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Дар интихоботи парлумон намояндагони 8 ҳизби сиёсӣ — Ҳизби халқии демократӣ, Ҳизби демократӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунист ширкат варзиданд. Инчунин Ҳизби сотсиал — демократӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби демократӣ номзадҳояшонро пешбарӣ карданд, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии мамлакат бори аввал дар интихоботи парлумон ширкат варзиданд. Мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ 73 номзад ва дар 41 ҳавзаи якмандатии интихобот 144 номзад ба қайд гирифта шуд. Аз ин ҷумла 65 нафар номзадии худро мустақилона пешбарӣ карда буданд. 15 – 16 фоизи номзадҳои бақайдгирифташуда занон мебошанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






