ҶАШНИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН
Роғун,19 март,(АМИТ »Ховар»,Зебо Давлатова). Муовини раиси шаҳри Роғун Муҳайё Юнусова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,ки Рӯзи 21 март дар шаҳри Роғун ҷашни Наврӯз гузаронида мешавад Дар ин ҷашн озмуни «Наврӯзи Ҷаҳонафрӯз» баргузор гардида дар он намоишҳо аз тамоми ҷамоату шаҳраки ноҳия иштирок менамоянд,ки бахшида ба иди миллии ниёгонамон намоиши дастурхони Наврӯзӣ,Буридани оши угро,гуштингирӣ ба маърази ҳакамон гузошта мешавад.Инчунин бахшида ба ин ҷашни Наврӯзӣ аз 12 маҳаллаи ҷамоати Қади Об дастурхони идона ва хӯрокҳои милли ташкил карда,дар шаҳраки сохтмончиён Нарӯзи хуҷастапайро пешвоз мегирандгуфт,Муҳайё Юнусова ва аз ҷониби ҳунарманди мардуми Саъдии Бӯризод , дастаи Арабшоҳ-компания ва ҳунармандони қасри фарҳанги шаҳри Роғун, бахшида ба иди Наврӯз намоишҳои консерти барои сохтмончиён ва аҳолии шаҳри Роғун баргузор мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






