60-СОЛАГИИ ЗОДРӮЗ ВА 40 СОЛАГИИ ҲУНАР
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Ҳунарманди Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Алиматов 60-сола шуд. Ба муносибати рӯзи мавлуд ва 40-солагии оғози фаъолияти эҷодии ин санъаткори мумтоз шоми имрӯз дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ маҳфили пуршукӯҳе доир мегардад. Даврон Алиматов факултаи актёрии Донишкадаи далатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскии Маскавро соли 1971 хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз кардааст. Сипас дар студияи «Тоҷикфилм» ҳамчун актёри кино фаъолият намудааст. 35 сол мешавад, ки фаъолияти эҷодии Даврон Алиматов бо кохи ҳунари Хуҷанд – театри ҷумҳуриявии мусиқию мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ пайвандӣ дорад. Дар ин муддат ӯ аз актёри навкор то ба сатҳи директори ҳамин театр расидааст. Ҳунари актёриаш тавассути офариниши нақшҳои Озар – дар намоишномаҳои Абдусалом Атобоев «Суруди нотамом» ва Тамриз – дар «Фоҷиаи инсон», Зол – дар «Зол ва Рудоба»-и Шамсӣ Қиёмов, Рамо — дар асари Наталия Гусева, ҳамчунин чандин нақшҳо дар филмҳои бадеии студияи «Тоҷикфилм» сайқал ёфтааст.