80-СОЛАГИИ АВВАЛИН РОҲБАРИ КӮЛОБ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз ба зодрӯзи ходими намоёни сиёсию давлатии Тоҷикистон Раҳбар Қосимов 80 сол пур шуд. Раҳбар Қосимов аз чеҳраҳои шинохтаи арсаи сиёсат буда, дар умри кӯтоҳи ҳамагӣ 44-солаи худ шӯҳрат пайдо кардааст. Ӯ факултаи агрономии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро дар МТС-и Исфисор аз вазифаи сарагроном оғоз мекунад ва сипас, ба сифати сардори нозироти хоҷагии кишлоқи ноҳияи Ленинобод, раиси комиҷроияи ноҳияи Ленинобод, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Соли 1962 котиби якуми кумитаи партиявии ноҳияи Мастчоҳ, баъдан котиби якуми кумитаи партиявии шаҳри Конибодом ва соли 1972 котиби якуми кумитаи партиявии ноҳияи Хуҷанд интихоб шудааст. Раҳбар Қосимовро ба муносибати дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшавии вилояти Кӯлоб моҳи январи соли 1974 Раиси Бюрои ташкилии КМ ПК Тоҷикистон оид ба вилояти Кӯлоб таъин мекунанд. 27 январи соли 1974 дили ҳассоси Раҳбар Қосимов аз задан бозмонд. Хизматҳои Раҳбар Қосимов бо орденҳои Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» Ифтихорномаи Раёсати Шӯроии Олии Тоҷикистон, унвони Агрономи Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон қадр гардидаанд. Инчунин, хоҷагие дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва кӯчае дар шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳбар Қосимов номгузорӣ шудаанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






