А.МИРАЛИЕВ МУОВИНИ АВВАЛИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ИНТИХОБ ШУД

Март 16, 2010 10:45

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар»). – Амиршо  Миралиев   имрӯз  дар  маҷлиси  нахустини  иҷлосияи  аввали  Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  ҷумҳурии  Тоҷикистон   даъвати  чорум  муовини  аввали   раиси   Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  ҷумҳурии  Тоҷикистон  интихоб  шуд. А.Миралиев 28  феврали  соли  2010 мувофиқи  рӯйхати  ҳизбии  ҲХДТ  аз  ҳавзаи  ягонаи  интихоботии  ҷумҳуриявӣ  вакили Маҷлиси намояндагон  интихоб  гардид. А.Миралиев  20  декабри соли  1946  таваллуд  шудааст.  Соли  1970  Донишкадаи  кишоварзии  Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи  аграрии  Тоҷикистон) – ро  бо  ихтисоси «Мутахассиси  зироат»  ва  соли 1988  Мактаби  олии   шаҳри Ленинградро  бо  ихтисоси  «сиёсатшинос»  хатм  кардааст. А.Миралиев  дар  аввали фаъолияти меҳнатиаш  ҳамчун  коргар  кор  кардааст,  баъд дар  вазифаҳои инструктор,  мудири  шӯъбаи ташкилии  Кумитаи  комсомолии  ноҳияи  Данғара,  инструктор, мудири  сектор,  муовини   мудири шӯъба ва  мудири  шӯъбаи  КМ ЛКСМ  Тоҷикистон  кор кардааст. Солҳои 1980 – 1994  инструктори  комиссияи  ҳизбии  назди  КМ Ҳизби  коммунисти  Тоҷикистон,  узви  комиссияи  назорати  ҳизбии  КМ Ҳизби  коммунисти  Тоҷикистон,  котиби  якуми  Ҳизби  коммунисти  ноҳияи  Маскав,  раиси  Шӯро  ва  раиси  Кумитаи  иҷроияи  Шӯрои  вакилони  мардумии  ноҳияи  Маскав  буд,  мавсуф  аз соли  1994 то   соли  2000  дар  вазифаи   мушовири давлатии  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  масъалаи  сиёсати  кадрҳо  кор  кардааст. Аз  моҳи  феврали  соли  2000  то  моҳи  феврали  соли  2001  вакили   Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ва раиси  комиссияи  одоби  вакилон буд. Аз  моҳи  феврали соли  2001  то моҳи  ноябри соли  2006  дар  вазифаи раиси вилояти  Хатлон  кор кардааст. Мавсуф  солҳои  1990 – 1995  вакили  Шӯрои  олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  даъвати  12 – ум  ва  солҳои 1995 – 2000  вакили  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   даъвати  якум  буд. Бо  фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тогҷикистон  аз  4  декабри соли  2006  роҳбари  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  ҷумҳурӣ  таъин карда шуд. А.Миралиев  бо  ордени Исмоили  Сомонӣ,  дараҷаи  дуюм  ва  медали  идонаи  «Даҳсолагии  иҷлосияи  16 – уми  Шӯрои олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  даъвати  12 – ум»  мукофотонида шудааст.  Ӯ  корманди  шоистаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мебошад.  

Март 16, 2010 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад