АНҶУМАНИ КӮМАК ВА ДАСТГИРИИ ҶОПОН БА МАЪЮБОНИ ТОҶИК КӮМАК МЕРАСОНАД

Март 3, 2010 09:20

Душанбе,  3 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). –  Анҷумани  кӯмак  ва дастгирии  Ҷопон  ҳамроҳи  Маркази безарар гардонидани минаҳо,  Ҷамъияти  миллии   маъюбони  Тоҷикистон,  Иттиҳодияи   занони  маъюби  «Иштирок» ва  Литсейи  дӯзандагии  № 33  барномаи  расонидани  кӯмак ба   одамони  дар натиҷаи таркиши  минаҳо  маъюбгардидаро   амалӣ  месозад. Дар  даври  аввали  барнома  аъзои  оилаҳои одамони  аз  мина  осебдида ба   курси  семоҳаи  дӯзандагӣ  ҷалб  карда  мешаванд. Онҳо дар  Литсейи  дӯзандагии  № 33 сирру  асрори  касби  дӯзандагиро  меомӯзанд.  Ба  онҳо  устоҳо   ва  омӯзгорони пуртаҷриба   дарс  медиҳанд. Дар  даври  дуюми  барнома ба  хатмкардагони курси  дӯзандагӣ  аробачаҳои  маъюбӣ, гӯшҳои  сунъӣ,  барои таъминоти  эҳтиёҷоти  хонаводаашон  чорвои  калони  шохдор,  қуттиҳои  занбӯри  асал  ва  мошинаҳои  дӯзандагӣ  тӯҳфа  карда  мешавад.     Дар  доираи барнома  ба  45  нафар   шахси  маъюб  кӯмак  расонида  мешавад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки Анҷумани  кӯмак  ва дастгирии Ҷопон  созмони  ғайридавлатӣ ва  ғайритиҷоратӣ  буда,  дар  Тоҷикистон  аз  соли  2001  фаъолият  дорад.  Самти  асосии  фаъолияти  созмон   расонидани  кӯмаки  тиббӣ  ва  иҷтимоӣ  ба  шахсони  маъюб  мебошад.     

Март 3, 2010 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад